Гар ба ин ойина акси ӯ нузуле карданист,
Гар ба ин ойина акси ӯ нузуле карданист,
Мумтанеъ дар олами имкон ҳулуле карданист.
Баски з-ин саҳро ба таъҷили ҷунун бояд гузашт,
Ваҳшати реги равон ҳам тез бӯле карданист.
Аз тағофул матлаби ушшоқро фаҳмида гир,
Дарки ин маънӣ ба найранги дуҳуле карданист.
То кай аз арзи амал бошем дар хавфу риҷо,
Ё бар ӯ додан ҷавобе, ё қабуле карданист.
З-ин биёбон метавон, Шоҳин, ба осонӣ гузашт,
Ихтиёри саъй агар таслими ғуле карданист.