Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Қаддам зи бори ҳаҷр шикастан гуноҳи кист?

Қаддам зи бори ҳаҷр шикастан гуноҳи кист? Бар ман дари висол бубастан гуноҳи кист? Лаълат ба гоҳи бӯса макидан гуноҳи ман, Ҷонам ба новаки мижа хастан гуноҳи кист? Ёди ту кардан, аз ҳама растан гуноҳи ман, В-аз ман барои ғайр гусастан гуноҳи кист? Ҷурми ман аст васли ту ҷустан ба нақди ҷон, Аммо фиреб додану ҷастан гуноҳи кист? Эй маҳ, ба интизори ту будан гуноҳи ман, Бозомадан ва менанишастан гуноҳи кист? Нақди дилам рабудану лекин зи дасти ман, Ҳар лаҳза ҳила кардану растан гуноҳи кист? Пинҳон дили шикастаи Шоҳини хастаро Дар печи зулф бурдану бастан гуноҳи кист?