Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Аз мо ба дигарон сари меҳру вафо-т чист?

Аз мо ба дигарон сари меҳру вафо-т чист? Эй бемурувват, ин ҳама ҷавру ҷафо-т чист? Яксар ба интизори ту фарш аст ҷону дил, То по ниҳодаӣ, бинигар, зери по-т чист! Ҷӯшида ахтар аз дили хуршеду моҳтоб, Яъне арақ дамида зи рухсораҳо-т чист? Чун зарра гар ба васли ту восил намешавам, Беҳуда парфишонии ман дар ҳаво-т чист? Хубон агар ба теғи ситам кардаанд қасд, Шоҳин, ту ҳам бикӯш, ки тири дуо-т чист?