Бе туам ҷои иқомат гӯшаи майхона аст,
Бе туам ҷои иқомат гӯшаи майхона аст,
Кору борам дар ҳавоят гиряи мастона аст.
Он, ки бар дарди дилам хун мехӯрад, ҷуз бода нест,
В-он, ки мегиряд ба ҳолам, шишаву паймона аст.
Он, ки бар болини ман месӯзад, он ҷуз шамъ нест,
В-он, ки аз гирди сарам мегардад, он парвона аст.
Ҳар чӣ мебинам ба чашм аз осмон, бозича аст,
Ҳар чӣ мехонад ба гӯшам рӯзгор, афсона аст.
Ҳар нигаҳ аз мадди ҳайрат тори зуннор асту бас,
Ҳар мижа аз ашки ҳасрат сабҳаи саддона аст.
Ҳар чӣ дидӣ пеши мардум, хӯрда бар Шоҳин магир,
К-ӯ ғуломи туст, гар ҳушёру гар девона аст.