Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Баҷост ҳусни бутон, гарчи сад ниқоб гирифт,

Баҷост ҳусни бутон, гарчи сад ниқоб гирифт, Ки мавҷро натавон дар таҳи ҳиҷоб гирифт. Хаёли рӯи ту осон нашуд муяссари дил, Базӯр ойина домони офтоб гирифт. Зи инфиоли убусат чунон гудохтаам, Тавон зи чини ҷабинам муҳити об гирифт. Кашида пои иродат зи хонаи маъмур, Чу сел ҳар кӣ раҳи водии хароб гирифт. Камоли фитратам ошӯб мекунад дар бор, Гусаст риштаи ман ҳар қадар, ки тоб гирифт. Дар ин бисот, надонам, фасонае чӣ гузашт, Ҷуз ин, ки дидаи Шоҳин камини хоб гирифт.