Парӣ зи шарми рухат чеҳра дар ниқоб гирифт,
Парӣ зи шарми рухат чеҳра дар ниқоб гирифт,
Лаби ту равнақи кайфият аз шароб гирифт.
Агарчи буд туро чеҳра мусҳафи раҳмат,
Касе, ки дид хатат, ояти азоб гирифт.
Рухат надошт саводе ба дарси фитна магар,
Ки дар бағал зи хати анбарин китоб гирифт.
Саводи хатти ту гардид равшан аз ораз,
Баромад аз ҳама ғавғо, ки офтоб гирифт.
Аз он саманд, ки куштӣ савора чун хуршед,
Ҳилоли бӯса зи наълу маҳ аз рикоб гирифт.
Ҷабину рӯи ту ҳар кас, ки дар арақ бинад,
Тавонад аз гулу хуршеду маҳ гулоб гирифт.
Ишора кард нигоҳат ба ишва, к-он абрӯ
Ба теғи ноз пайи қатли ман шитоб гирифт.
Нигори ман, аҷабам з-он хату рухи арақин,
Ки чун рақам зада бар сафҳае, ки об гирифт.
Зи бас ба номи ту тавшеҳ кард бар Шоҳин,
Бад-ин ғазал натавонад касе ҷавоб гирифт.