Лаби ту қути дилу қуввати равони ман аст,
Лаби ту қути дилу қуввати равони ман аст,
Вале чӣ суд, ки дур аз лабу даҳони ман аст.
Равам ба гоми нахустин ҳазор марҳала пеш,
Ба ҷустуҷӯи ту гар бод ҳаминони ман аст.
Ба васфи лаъли масеҳодами ту з-оби ҳаёт,
Ҳазор чашма равон аз сари забони ман аст.
Ҳазор дастагули яъс мезанам бар сар,
Зи хорзори ҳаводис, ки бӯстони ман аст.
Ба ҳайратам, ки чаро бар нишона н-ояд рост,
Хадангҳои таманно, ки бар камони ман аст.
Зи ҳаҷри дарди ту худ сӯхтам, чӣ мехоҳӣ
Зи ҷони хаста, ки дар ҷисми нотавони ман аст.
Ту мениҳӣ лаби худ бар лаби рақиб, аммо
Ба лаб расида зи шавқи лаби ту ҷони ман аст.
Ба даври хатти ту эмин аз татовули ишқ,
Ки хати даври рухат сархати амони ман аст.
Нишонд гарчи ба комам, чу ашк мамнунам,
Ҳанӯз чашми ту дар банди имтиҳони ман аст.
Адӯ ба ҳарфи ман ангушт агар ниҳад, Шоҳин,
Қалам чу ноҷаи оҳехта дар банони ман аст.