Саъйи ваҳшат зи бас ойинаи тасхири ман аст,
Саъйи ваҳшат зи бас ойинаи тасхири ман аст,
Нақши по ҷилвагаҳи ҳалқаи занҷири ман аст.
З-ин чаман ранги биноям ҳама бар дӯши ҳавост,
Гӯӣ, аз бӯи гулобу гили таъмири ман аст.
Гар аз инам нашуд иршод, аз он хоҳам ёфт,
Ман, ки дар роҳи иродат ҳама кас пири ман аст.
Чу ниҳам бозуи ҳиммат ба хами шасти дуо,
Кунгури арши иҷобат асари тири ман аст.
Шарафи хусравии мулки сухан Шоҳинро
Файзи шогирдии устоди ҷаҳонгири ман аст.