Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Бад-ин ғалат, ки вай андар сари вафои ман аст,

Бад-ин ғалат, ки вай андар сари вафои ман аст, Агар ба теғ бибуррад сарам, сазои ман аст. Гарам биҳишт муяссар шавад, намебахшам, Ба ҷуз гули рухи ҷонон, ки муддаои ман аст. Худо нахоста, бегона мешавам аз дин, Чаро ки он бути бегона ошнои ман аст. Чу Ҷам ба ҷоми ҷаҳон, бин, саре надорам аз он, Ки нақши пои ту ҷоми ҷаҳоннамои ман аст. Маро рухи ту ба кокул ишора мефармуд: Ҳазар зи рӯзи сиёҳе, ки дар қафои ман аст. Ба як ишора адо кун баҳои хуни маро, Ки як ишора зи теғи ту хунбаҳои ман аст. Сагат ба пои ҳақорат бизад сари ману гуфт: Гарон мабош, ки изои ту ба пои ман аст. Чи ғам, агар фалакам уқда афканад, Шоҳин, Чунин ки нохуни фикрат гиреҳкушои ман аст.