Дилам шикаставу тан хаставу ҷигар хун аст,
Дилам шикаставу тан хаставу ҷигар хун аст,
Биё, бубин, ки маро бе ту зиндагӣ чун аст.
Ғами дилам ба қиёсу ҳисоб н-ояд рост,
Ки аз ҳисоб бурун в-аз қиёс берун аст.
Ба ҷомахоб зи май маст хуфтааст нигор,
Дило, бикӯш, ки имшаб шаби шабехун аст.
Маро ба ваъдаи ту ҷои эътимод намонд,
Ки кору бори ту пайваста макру афсун аст.
Ту рафтӣ аз барам, эй сарвиноз, аз пайи ту
Зи ҳар ҳадиқаи чашмам равона Ҷайҳун аст.
Ба решҳои дилам баҳри нолапардозӣ
Ғамат чу захмаи мутриб ба тори конун аст.
Бирав ба майкада, аз зарқ хирқа пок бишӯй,
Ки лойи зери хуми бода беҳ зи собун аст.
Дилам ба соғари май майл мекунад доим,
Магар ба наргиси махмури ёр мафтун аст?
Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил
Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.