Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Мудом табъи ман аз ваҷҳи ёр ночоқ аст,

Мудом табъи ман аз ваҷҳи ёр ночоқ аст, Ки субҳу шом рафиқи рақиби айғоқ аст. Ба ишқ агар надиҳад тан дилам, ба зулф супор, Илоҷи кӯдаки мактабгурез фаллоқ аст. Миёни дарду ғами ишқи ту назири дилам Ҳамон ба маъракаи кӯбкорӣ ӯлоқ аст. Ба ҷуфту тоқ нашуд равшанам, ки аз чӣ сабаб Нигори ман ба ҷафо ҷуфту дар вафо тоқ аст. Чунон далер ба куфрам ба боби фатвии май, Ки дар ҷавоб масоил имоми қишлоқ аст. Зи баъди бодаи талх аз барои ҳалқосо Ба ҷои қанди Канорискиям қавунқоқ аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ мулоим наметавон кардан Дили туро, ки ба сахтӣ мисоли қайроқ аст. Нигори ман, зи рақибон макун таваққуи пул, Ки ҳарчи бо ту расад з-ин ҷамоа, шилтоқ аст. Агарчи ҳаст ба зоҳир бути ман олуфта, Вале ба додани оғӯш сахт қултоқ аст. Ба ҳамзабонии Шоҳин кӣ мекунад даъво, Ки ин ҳарифи сухандон зиёда таллоқ аст.