Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дилам ба чанбари зулфат агарчи афтодаст,

Дилам ба чанбари зулфат агарчи афтодаст, Вале хуш аст аз он тоире, ки озод аст. Закоти ҳусн ба ушшоқи хаста бояд дод Туро, ки ҳусни накӯ давлати Худодод аст. Чӣ гуна дил канам аз васлат, эй санам, ки дилам Ба фурқати ту ҳазину ба васли ту шод аст. Чи сон ба боғ равам бе ту, к-аз назораи гул Гиреҳ зи хотири ман бе рухи ту накшодаст. Маранҷ, эй гули навруста, аз тазаллуми ман, Ки кори булбули бечора доду фарёд аст. Ҷаҳон, ки ҷилва кунад дар назар чу соҳати боғ, Чу аҳди лоларухон сахт сустбунёд аст. Гузашт умру накардӣ вафо ба ваъдаи хеш, Магар ба ваъдаи ту рӯзи ҳашр миъод аст? Латифаест рухат мунтахаб зи дафтари ҳусн, Ниҳода бар сари он наргиси ту чун сод аст. Зи сайри боғ ба васли ту фориғам, зеро Ки орази ту гулу қомати ту шамшод аст. Лабат ба бодапарастӣ ҳамекунад таклиф, Дили маро, ки ба зуҳду салоҳ муътод аст. Зи кулбаи дили Шоҳин харобтар ҷо нест, Вале хаёли ту чун по ниҳод, обод аст.