Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Лаъли лаби ту ғайрати ёқути аҳмар аст,

Лаъли лаби ту ғайрати ёқути аҳмар аст, Акси рухи ту нусхаи хуршеди анвар аст. Ташбеҳ бо кадом ҳаловат тавон намуд Нӯши лаби туро, ки беҳ аз шаҳду шаккар аст? Ёқутро ба лаъли ту нисбат намерасад, Ҳарчанд ин муқобала урфан мукаррар аст. Он ҷавҳарест хоста аз кону ин зи ҷон, Конӣ куҷо ба ҷавҳари ҷонӣ баробар аст! Ҳар дил, ки аз каманди алоиқ канора ҷуст, Дар чини гесуи чу камандат мусаххар аст. Дидан тавон шамоили ҷон билмуояна, Аз ҷисми нозуки ту, ки рӯҳи мусаввар аст. Эй муҳтасиб, ба шиша мазан зӯри Ҳайдарӣ, Оҳистатар, ки он на сари Амр Антар аст. Хаттат ҳаме дамида бар атрофи оразат, З-он сон, ки бар ҳавошии кофур анбар аст. Хоҳе ба дида, хоҳ ба дил мекунӣ гузор, Ҷое ту ҳар куҷо, ки ниҳӣ пой, бар сар аст. Шоҳин, маро ба чокарии хештан нахост Шоҳаншаҳе, ки хоки дараш тоҷи қайсар аст.