Туӣ, ки ҳукми ту қотеъ чу насси Қуръонист,
Туӣ, ки ҳукми ту қотеъ чу насси Қуръонист,
Туӣ, ки рӯи ту мунтаҷ чу шакли мизонист.
Бувад бақои ту, то ҳаст осмон, аммо
Аз ин дуо хиҷилам, з-он ки осмон фонист.
Фалак, ки қурси маҳу меҳр дар бағал дорад,
Ҳамон зи хони туаш заллаҳои меҳмонист.
Бикун ҳимояти худ аз рақиби девсиришт,
Зи бас даҳони ту ангуштари сулаймонист.
Зи теғи абруи ӯ захм агар хӯрам бар дил,
Шикояте накунам, сарнавишти пешонист.
Чӣ моя ғайри хато баҳри афв арза диҳам,
Ки назди хоҷа ҳамон узри банда нодонист.
Дароздастии зулфи нигорро нозам,
Насиби ман чу сари зулфи ӯ парешонист.
Ҳазор нома навиштем, к-аз таровати ашк
Ҳамин, ки хор шикастем, чашм қурбонист.
Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,
Зи бас ягонаи офоқ дар сухандонист.