Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дилам шикастатар аз турраи бутон шудааст,

Дилам шикастатар аз турраи бутон шудааст, Қадам хамидатар аз гӯшаи камон шудааст. Зи мӯя тоқати ман баски бе рухи ту гудохт, Танам низортар аз мӯи он миён шудааст. Ғаме, ки бар дилам омад зи рӯзгори фироқ, Зи ҳар чи шарҳ тавон дод, беш аз он шудааст. Буте, ки бурд дил аз ман ба талъати башарӣ, Чаро зи дидаи ман чун парӣ ниҳон шудааст. Бихостӣ, ки таровад зи дида хуни дилам, Биё, бубин, ки дилат ҳарчи хост, он шудааст. Ту ҳар куҷо, ки равӣ, ашки ман ба дунболат Чу соил аз пайи соҳибкарам равон шудааст. Баҳори ҷилваи нозӣ, ки мебарад ташриф, Ки саҳни кулбаи ман рашки бӯстон шудааст. Мапурс бе рухи худ ҳоли ҷисми лоғари ман, Ки ҳамчу чашми ту бемору нотавон шудааст. Фурӯғи ҳусни туро забту ҳаср натвон кард, Ки бо талиаи хуршед ҳаминон шудааст. Ба ҳеҷ бода сабукдил намешавад ринде, Ки бо майи лаби лаъли ту саргарон шудааст. Ба рӯзгори ҷавонӣ шавад чу Шоҳин пир Касе, ки ошиқи он сарви навҷавон шудааст.