Дили сиришта ба дарде, ки дар канори ман аст,
Дили сиришта ба дарде, ки дар канори ман аст,
Гарам ғаме расад аз даҳр, ғамгусори ман аст.
Диле, ки гум шуда, ҳаргиз наёфтам асараш,
Барад сабо, ба хами турраи нигори ман аст.
Манам, ки дар раҳи хубон гузаштам аз ҳама кор,
Агар ғалат накунам, кори хуб кори ман аст.
Бигуфтамаш, ки ба хунам ривояте дорӣ?
Бигуфт: – Хатти ғуборе, ки бар узори ман аст.
Ба ёди кӯи ту бигзаштаме зи боғу баҳор,
Ки ёди кӯи ту ҳам боғу ҳам баҳори ман аст.
Саводи шеър, ки кардам ба ёдгор рақам,
Ба рӯи даҳр бимонад, ки ёдгори ман аст.
Ҳар он ки ёфт пару боли маънии Шоҳин,
Агар ба тораки гардун расад, шикори ман аст.