Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Маро, ки ишқи накӯён накӯтарин амал аст,

Маро, ки ишқи накӯён накӯтарин амал аст, Хушам, к-аз ин амали нек номи ман масал аст. Шаби висол, ки вақти нафас кашидан нест, Бигӯ ба мурғи саҳар, к-ин чӣ бонги бемаҳал аст!? Қадам ҳамеазанад аз ҳад буруну метарсам, Ки муддаӣ хари ланг аст, ҷода пурваҳал аст. Ба қисмати азалӣ гар ту розийӣ, зоҳид, Зи ман маранҷ ба риндӣ, ки қисмати азал аст. Маҳил, ки умри азизи ту бигзарад бе васл, Ки васли ёр чу умри азиз бебадал аст. Маро ба лаъли лабат ҳайф ояд аз дашном, Аз он ки талхии сум бо ҳаловати асал аст. Хирад ба шеъри ту, Шоҳин, аз он бувад, вола, Ки як ҳадису ҳазораш нукот муҳтамал аст.