Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Доғи ишқи ту ба рухсораи дил холи ман аст,

Доғи ишқи ту ба рухсораи дил холи ман аст, Аз ту идбор гар ояд ба ман, иқболи ман аст. Қади шамшоди ту ҳар ҷо, ки равад, аз дунбол Тани ҳамчун алифу қомати чун доли ман аст. Ҳар мазаллат, ки ба ман мерасад аз даври сипеҳр, Рост гӯям, асари шумии афъоли ман аст. Ҳар куҷо меравам, эй рашки бутон, бахти сиёҳ Ҳамчу гесӯи ту афтода ба дунболи ман аст. Кору кочоли дигар нест маро ғайр аз ишқ, Ишқи хубон ҳама кори ману кочоли ман аст. Гаҳ ғами дил хӯраму гаҳ ситами дида кашам, Ин ду худкома, аҷаб, мурдаи ғассоли ман аст. Ҳусни ошиқсифатон ғайри гирифторӣ нест, Ҳалқаи дом ба по зинати халхоли ман аст. Туъмаи рӯҳ бувад аҳли хирадро, Шоҳин, Сайди маънӣ, ки асири хами чанголи ман аст.