Дилам ҳамчу минқори булбул ду ним аст,
Дилам ҳамчу минқори булбул ду ним аст,
Ки домони он гул ба дасти насим аст.
Туро з-он қадду кокулу зулф, ҷоно,
Алиф дар миёну зи ду нуну ҷим аст.
Барафрӯхт бар Аймани зулф оташ,
Дили ман, ки бар Тӯри маънӣ Калим аст.
Дилам з-он хами зулф берун наёяд,
Ки чун нуқта дар ҳалқаи нун муқим аст.
Туро зулфу қадду даҳон гуфт, Шоҳин,
Ки дар мусҳафи ҳусн алиф, лом, мим аст.