Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст,

Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст, Ё чашмаи ҳаёт ва ё ҳавзи Кавсар аст. Хунам хӯриву бок надорӣ, ки хуни ман Гӯӣ, ҳалолтар ба ту аз шири модар аст. Ошуфтагӣ-м як сари мӯ кам намешавад, То турраи расои ту ошуфта бар сар аст. Гар кисааш тиҳӣ бувад аз сим, бок нест Онро, ки чун ту симбаре хуфта дар бар аст. Бихром сӯи боғ, ки қадди баланди ту Саркӯби нахли сарву ниҳоли санавбар аст. Мустағнӣ аст ҳусни ту чандон, ки пеши ту Буду набуди ошиқи мискин баробар аст. То аз даҳони танги ту дорам умеди кор, Аз хони даҳр рӯзии ман кам муқаррар аст. Овехта ба ҳар сари мӯ ҷони оламе Зулфат, ки дар рабудани дилҳо диловар аст. Гоҳе фаришта хонаму гаҳ ҳур, гаҳ парӣ, Баргӯ, ки бо ҷамоли ту з-инҳо чӣ дар бар аст? Доғам, ки аз қабули ту иззу шараф наёфт Шоҳин, агарчи аз дилу ҷон бо ту чокар аст.