Ҷони ширини ман, эй ширинписар, қурбони туст,
Ҷони ширини ман, эй ширинписар, қурбони туст,
Ҳарчи ширинтар бувад аз ҷон, фидои ҷони туст.
Аз миён боло макун таклифи васли худ маро,
З-он, ки мақсуди ман, эй маҳ, аз миён поёни туст.
Бо ҳама шаккарбаёнӣ тӯтии ширинбаён
Мунфаил аз лаъли ширини шакарафшони туст.
Он чӣ мегӯянд лаълу он чӣ мегӯянд дур,
Он ишорат аз лабу в-ин рамзе аз дандони туст.
Хоҳ бигзорӣ ба ҳаҷру хоҳ бинвозӣ ба васл,
Ҳар чӣ фармоӣ, дили ман бандаи фармони туст.
Ҷои эҳсон мекунӣ нафрин мани бечораро,
Эй фидоят ман, дилам мамнуни ин эҳсони туст.
Турки ман, раҳме, ки бар ҷону дили афгори ман
Захми сад теғу синон аз абрӯи туркони туст.
Сомирӣ дар соҳирӣ бо он ҳама дасте, ки дошт,
Камтарин аз чокарони наргиси фаттони туст.
Ҳола дар гирди қамар, ё шакк дар атрофи моҳ,
Ё ба даври орази насрин хати райҳони туст.
Хайр кун бар ошиқи мискини худ, эй симтан,
З-ин ҳама симе, ки пинҳон дар таҳи домони туст.
Сар ба қурси меҳру маҳ ҳаргиз намеорад фурӯ
Ҳар кӣ, шоҳо, ҳамчу Шоҳин резачини хони туст.