Дилбаро, ҳолам хароб аз наргиси фаттони туст,
Дилбаро, ҳолам хароб аз наргиси фаттони туст,
Хотирам ошуфта аз зулфи абирафшони туст.
Хоҳ аз абрӯ ба теғу хоҳ аз мижгон ба тир,
Турки ман, бо ҳарчи мехоҳӣ бикуш, ҳукм они туст.
Гуфтамаш: – Дарди ту дармоне надорад, чун кунам?
Гуфт: – Эй ғофил, надонӣ? Дарди ман дармони туст!
Ҳар ки паймони вафо барбаст бо майгун лабат,
Гарчи шуд паймонааш пур, бар сари паймони туст.
Гар кунам манъ аз муҳаббат, кай пазирад ҳарфи ман,
Ин дили девонаи ман баски дар фармони туст.
Гуфт: – Мушкилтар зи ҷон кандан чӣ бошад дар ҷаҳон?
Гуфтамаш: – Эй шӯх, ҳалли уқдаи тунбони туст.
Гуфтамаш: – Аз гиря чашмам кӯр шуд, хандиду гуфт:
Гарди роҳам тӯтиёи дидаи гирёни туст,
Дил асири турраи хам дар хамат имрӯз нест,
Ҳамчу гӯй афтода умре дар хами чавгони туст.
Соидатро сим мехонанду аз ин ғофиланд,
Кӯҳ-кӯҳи сим пинҳон дар таҳи домони туст.
Аз майи маъшуқ агар зоҳид ҳамеҷӯӣ канор,
Аз раҳи тақво магӯ, аз нестӣ имони туст.
Шеъри Шоҳин шуҳра з-он рӯ дар малоҳат гаштааст,
К-аз намакпарвардагони суфраи эҳсони туст.