Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст,
Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст,
Ки ҳар кӣ шод дар ӯ зиста-ст, ношод аст.
Зи ғунча ҳар варақи гул, ки во шавад ба насим,
Ба фарқи булбули бечора теғи бедод аст.
Наволаҳои ҷигар дар чаман ба даъвати кист,
Ки лола дар табақи обнӯс бинҳода-ст?
Чӣ сон ба зуҳд гирояд дилам, ки муддатҳост,
Ба бонги барбату шурби мудом афтода-ст.
На ман кашидаам имрӯз дар қалам хати ишқ,
Ки ишқ хатти нахустини лавҳи эҷод аст.
Гузашт нолаам аз сангу бо ту дарнагирифт,
Дили ту, эй бути чинӣ, магар зи фӯлод аст?
Замона пунбаи ғафлат ниҳодааст ба гӯш,
Вагарна ҳар сари мӯям забони фарёд аст.
Фариштаро чу бад-он зулф мекушӣ дар дом,
Чӣ эҳтимоли халосӣ ба одамизод аст?!
Фақеҳи шаҳр, ки фатво диҳад ба ҳурмати май,
Агар ба мавсими гул дода, ҷои эрод аст.
Ба солҳо накашад нанги туҳмати таъмир
Харобае, ки ба сели ҳаводис обод аст.
Нараст ҳеҷ дил аз доми туррааш, Шоҳин,
Магар дили ту, ки бисмил шуда-ст, озод аст.