Дареғи ман, ки зи ишқи ту рафтаам аз даст,
Дареғи ман, ки зи ишқи ту рафтаам аз даст,
Чу он шарори баланде, ки з-об гардад паст.
Қади чу новаки ман бин, ки чун камони заиф,
Ба садмаи кашиши бозуи ғами ту шикаст.
Ҳаме зи чашми ту тарсам, ки он сиёҳдарун
Кунад ба куштани ман қасд ҳамчу зангии маст.
Нахуст меҳру вафои туро сиришт магар,
Даме, ки Монии тақдир нақши ман барбаст?
Ки нақш дар дили хотам чунон нагирад ҷой,
Ки нақши меҳру вафои ту дар дилам биншаст.
Чу турраат натавонам, ки сар кунам боло,
Ки теғ бар сарам абрӯт мезанад пайваст.
Ситам ба бандаи бечорае кунӣ зи ғурур,
Магар надонӣ, ки эй нозанин, Худое ҳаст?!
Гар аз Худой натарсӣ, битарс аз он, ки бувад
Худойгони раъиятнавози бандапараст.
Хадеви мулк, Худованди халқ, он, ки гирифт
Калиди рӯзии тасхири мулки халқ ба даст,
Ки мулкро биситонад ба теғи худ ҳамвор,
Ки халқро бинавозад ба ҷӯди худ пайваст.
Зи баски мекунад оҳанги мадҳи ӯ Шоҳин,
Зи чанги фикрати ӯ сайди ҳеҷ нукта нараст.