Як қалам аз файзи шеърам рангбор афтодааст
Як қалам аз файзи шеърам рангбор афтодааст
В-арна табъам рашки сад гулшан баҳор афтодааст.
То ба мижгон тифли ашкам найсавор афтодааст,
Гиряам сомони сад шӯхӣ баҳор афтодааст.
Ғайри ҳиҷрон орзуи васлро дар бор нест,
Ҳар кӣ меҷӯяд канорат, дар канор афтодааст.
Оҳ, к-аз хат тира шуд ҳусни сафопарварди ӯ,
Ҳайф, к-ин ойина дар банди ғубор афтодааст.
Дар таманнои хатат ҷӯши хароши ҳайратам,
Хорҳо дар синаам з-ин хор-хор афтодааст.
Ҷуз таҳайюр чораи дигар намебинад ба кор,
Ҳар куҷо ойина бо рӯят дучор афтодаст.
Ғайри ҳайрат нест чун ойина, Шоҳин, шеваам,
То маро дар хилвати дидор бор афтодааст.