Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Интизори тирабахтӣ баски сайди роми мост,

Интизори тирабахтӣ баски сайди роми мост, Сурма аз гарди рами оҳу ба чашми доми мост. Мо ба риндӣ фориғем аз ному нанги рӯзгор, Бода аз хуни ду олам обрӯ дар ҷоми мост. Эътибори фақрро нозем аз тарки нигин, Он чӣ мемонад ба некӣ, то қиёмат номи мост. То чӣ сон аз маҳмили Лайлӣ нишон хоҳем ёфт, Ҳамчу Маҷнун гар на овози ҷарас пайғоми мост? Ҷуз лаби изҳор кори дигар аз Шоҳин маҷӯй, Тарҷумони ин таманно санъати иброми мост.