Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Тарзи хирому нози ту з-ин сон, ки дилрабост,

Тарзи хирому нози ту з-ин сон, ки дилрабост, Гар ман ба хоки пои ту ҷон медиҳам, равост. Ҳаргиз ба вазъи дӯстӣ аз сар намениҳад Бегонагӣ, ки шеваи он ёри ошност. Розӣ наям ба таънаи ағёру ҷаври ёр, Эй дӯстон, чӣ чора кунам, ошиқӣ балост! Гуфтам: – Дило, биё, ки ба сайри чаман равем, Ҳарчанд кардам, аз сари кӯи ту барнахост. То пай барам зи даст ба сарманзили қабул, Шоҳин, сулуки ман ҳама дар ҷодаи ризост.