Нарасад сарв бар он қомати дилҷӯ, ки турост,
Нарасад сарв бар он қомати дилҷӯ, ки турост,
Нарасад мушк бар он зулфи суманбӯ, ки турост.
Мехалад бар ҷигарам н-омада аз хона ҳанӯз,
Тири мижгон ба камонхонаи абрӯ, ки турост.
Гар чунин мерамад аз сояи мижгон, ҳошо,
Ром гардад ба ман он чашми чу оҳу, ки турост.
Як сари мӯй ҷунун кам нашавад аз сари дил,
Ки бувад қайдаш аз он силсилаи мӯ, ки турост.
Ояд аз шӯхии чашмони ту дар ханда даҳон,
Пардаи ғунча дарад наргиси ҷоду, ки турост.
Сабр аз рӯи туву тоб ба хӯят мушкил,
Чӣ кунам, оҳ аз он рӯю аз он хӯ, ки турост.
Рӯзгорест, ки парвардаи шакар, Шоҳин,
Тӯтии нотиқа з-он лаъли сухангӯ, ки турост.