Эй мулоимтар зи тухми нимдунбул ғабғабат,
Эй мулоимтар зи тухми нимдунбул ғабғабат,
Рустаи Қаршӣ ҳаловатпарвари кунҷи лабат!
К-ӯ занад бар риштаи ҷони мани маҳзун гиреҳ,
Гар ҳамехоҳад, ки шайхи хонақаҳ бандад табат.
Кулфати айёми ҳиҷрон нагзарад бар хотирам,
Гар ба соле иттифоқ афтад ба ман васли шабат.
Зоҳидо, дар дил чу ман ишқи бути маҳваш турост,
К-аз фалак имшаб гузашт овози «Ё Раб! Ё Раб!»-ат.
Он маҳи номеҳрубон майли ту дорад, эй рақиб,
Офарин бар ёрии иқболу юмни кавкабат!
Дар канори ҳавзи Кавсар, ростӣ, чун ҳиндуест
Холи мушкине, ки манзил кард дар кунҷи лабат.
Бандаи фатвои ишқам, хезу хуни ман бирез,
Хуни ошиқ гар ҳалол аст, эй санам, дар мазҳабат!
Ҷаҳд кун Шоҳину хоки остони шоҳ бош,
Нест дар ин остон ҷуз хок будан мансабат.