Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Гарам мекушад абруи ӯ, чӣ хуб,

Гарам мекушад абруи ӯ, чӣ хуб, Ки гӯянд: «ас-сайфу мо ҳай зунуб». Хаёли рухи ӯ ба чашми ғариб Ҳия ш-шамсу локин би айн ил-ғуруб. Зи дилҳои ушшоқ бар дори зулф Кашад фавҷ-фавҷу кушад тӯб-тӯб. Зи тоби ғамаш устухонам гудохт, Факайфа л-буюту бидуна л-хушуб? Вазид аз сари кӯи ҷонон насим, Лақад тоба рӯҳӣ бизока л-ҳубуб. Ҳазар кун зи килки ман, эй муддаӣ, Ки дуздиву иқрор кардӣ ба чӯб. Зи лаъли ту Шоҳин бизад чошнӣ, Ки шеъраш малеҳ асту назмаш азуб.