Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб,
Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб,
К-аз латофат дамадаш ойина монанди ҳубоб.
Дили ман аз шикани зулфи ту натвонад раст,
Ҳамчу он саъва, ки афтода ба чанголи уқоб.
Пурбулӯр аст ҳино дасти туро оби ақиқ,
Бошад аз хуни шафақ панҷаи хуршед хизоб.
Зи ту, эй тифли ҷафопешаи ман, чашми вафо
Бошад аз синаи ангур таманнои шароб.
Доғам охир ба шакархандаи лаъли намакин
Кам нашуд наргиси махмури туро заҳри итоб.
Зад рақам дар сифати ҳусни ту Шоҳин ғазале,
Ки ҷуз «Аҳсанта!» касеро нарасад ҳадди ҷавоб.