Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ман кӣ бошам, сар кашам аз хатти фармони шумо?

Ман кӣ бошам, сар кашам аз хатти фармони шумо? Ҳар чи ояд бар сарам, ман банда, ҳукм они шумо. Як сари мискин чи бошад, к-аз шумо дорам дареғ, Гар дилу ҷон аст, он ҳам бод қурбони шумо. Дар хами он зулфи чун чавгон дили моро чӣ қадр? Эй сари афсартирозон гӯйи майдони шумо! Мекашад доман зи рӯи ноз чун оби зулол Ашки талхи ман зи лаъли шаккарафшони шумо. Сад чаман гул атсазан бархезад аз домони хок, Гар сабо орад насиме аз гиребони шумо. Бар дили девонаам, эй носеҳон, афсун дамед, Вақф кардам оҳани сарде ба сандони шумо! Гар кунад Шоҳин ба васфи он даҳан маҷмӯае, Мезанад раҳ бар дилаш зулфи парешони шумо.