Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй маҳви интизори ту чашми сафеди мо,

Эй маҳви интизори ту чашми сафеди мо, Холӣ мабод аз ту канори умеди мо. Шуд фатҳи боби маъсият аз шаш ҷиҳат, вале Бар қуфли тавба рост наёмад калиди мо. Боди сабо зи кӯи ту гар оварад паём, Бояд зи ранги рафта биҷӯӣ навиди мо. Шоҳин, чи нукта мезанӣ аз сеҳри Сомирӣ, К-эъҷози мӯсавист Каломи Маҷиди мо.