Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро,

Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро, Қадди сарву лаби лаълу хати райҳони туро. То бар он чоки гиребон набарам дасти умед, Ҳаргиз аз каф наниҳам гӯшаи домони туро. Дил ба як бор бипардохтам аз фикри китоб, Дидам он дам, ки хати ғолияафшони туро. Бо рақибон макун эҳсон, ки аз ин тирадилон Шиканад, он ки намак хӯрд, намакдони туро. Як ҷаҳон дил фитад аз ҳар хами зулфи ту ба хок, Доя, ки шона кунад зулфи парешони туро. Қурси хуршеду қамар гар биниҳандаш ба канор, Илтифоте набувад резахӯри хони туро. Ғайри алтофи ту, шоҳо, кӣ тавонад хуш кард Табъи Шоҳини дуогӯи санохони туро?