Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Санамо, лоларухо, сарвқадо, симбаро,

Санамо, лоларухо, сарвқадо, симбаро, Ба нигоҳе накунӣ хотири мо шод чаро!? Бо ту, эй дидадаро, қасри дил аст омода, Аз раҳи дида даро бар дилам, эй дидадаро. Ба шакар талхии бодом равад, оре, нест Ҷуз шакарханда илоҷе нигаҳи талхи туро. Мебарам доғи ғами ишқи ту, эй тозаҷавон, То сарои дигар, алқисса, аз ин кӯҳнасаро. Турфа корест муҳаббат, ки ба иғвои хаёл, Мекашад ҳар нафасам аз пайи фикри дигаро. Мехи оҳан биравад дар ҷигари сангдиле, Накунад нолаи ман дар дили сахтат асаро. Дилам аз рӯза гирифта-ст, нигоро, маҳи ид, То зи абрӯи ту бинам, ба лаби бом баро! Ҳаст хоки қадами шоҳи ҷаҳон бар Шоҳин, Сандали ҷабҳаву кӯҳли басару тоҷи саро.