Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ман, ки дар пои ту кардам сари савдоиро,

Ман, ки дар пои ту кардам сари савдоиро, Бохтам дар сари савдои ту муллоиро. Бурд завқи лаби ширини ту аз хотири ман Фикри дарсу тамаи лаълии ҳалвоиро. Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман Аз рухат об диҳам чашми тамошоиро. Шукр, бахшид ба ман бандагии хоки дарат Он, ки дида-ст муносиб ба ту мавлоиро. Табъи Шоҳин, ки ба ширинсуханӣ машҳур аст, Ҳама аз лаъли ту омӯхт шакархоиро.