Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Бисӯхт барқи фано хирмани бақои маро,

Бисӯхт барқи фано хирмани бақои маро, Бибурд сели харобӣ зи ҷо бинои маро. Чи нолаҳо, ки накардам ба кунҷи танҳоӣ, Касе надиду нафаҳмид моҷарои маро. Фалак гирифт зи суру ба мотамам афканд, Ба вой-вой қарин кард ҳой-ҳои маро. Хаёли зиндагӣ аз ғам накард озодам, Тааллуқ аст ба мурдан кунун ризои маро. Кудурат аз ҳама зоил шавад ба файзи сафо, Зудудааст кудурат вале сафои маро. Ба ҳар куҷо, ки равам, фикри узлате дорам, Кадом гӯшанишин мекунад дуои маро? Дигар нишонаи бедавлатӣ чи мебошад, Шикаст болу фурӯ рехт пар ҳумои маро. Маро зи табъи расо рухсати тамошо нест, Ки дӯхтанд ба ин ришта дидаҳои маро. Ба ёди қадди ту боло гирифт оҷизиям, Шикаст фикри асо қомати дутои маро. Тариқи ҳайрати он ҷилва баски мепӯям, Тавоф мекунад ойина нақши пои маро. Зи бахти хеш шикоят намекунам, Шоҳин, Ки додаанд ба ҷурми амал ҷазои маро.