Рӯзгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро,
Рӯзгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро,
Рӯи ҳиммат ба дами теғи фаранг аст маро.
Маънии нозук аз он мӯймиён мебастам,
Чи кунам, аз даҳанат қофия танг аст маро.
Раҳ ба сарманзили мақсад натавонад бурдан
Пои ҳиммат, ки дар ин бодия ланг аст маро.
Аз пайи моҳии соқи ту ба по афтода-ст,
Сари зулфи ту, ки қуллоби наҳанг аст маро.
Аз камонхонаи абрӯи ту дар дил дорам,
Ки ба ҳар ғамза чи миқдор хаданг аст маро.
Майли ман кардану майл аз ту гирифтан, ҳайҳот!
Ба чи навъ аст турову ба чӣ ранг аст маро?
Мекашад теғ ба сар аз ҳасад абрӯи туам,
Ки чаро домани зулфи ту ба чанг аст маро?
Гӯ, мадеҳ соғари он наргиси фаттон, ки ҳанӯз
Дар сари фоли ту кайфияти банг аст маро.
Дили бечораи Шоҳин ба хами турраи ӯ
Ҳамчу оҳубарра дар чанги паланг аст маро.