Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафсу ва қотилҳо,
Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафсу ва қотилҳо,
Ки ин аммора мехоҳад ба чандин саъй ботилҳо.
Дар ин боғи пурафсун ғулғули кӯси раҳил ояд
Ба гӯши шоҳиди аврод илҳоми анодилҳо.
Ба тасхири дили бечораи ман кай шавад моил
Сари зулфат, ки дорад баста дар ҳар тори мӯ дилҳо.
Маро накшуд кор аз дасти сӯфӣ, соқиё, май деҳ,
Ки хоҳад нохуни мисрӣ намудан ҳалли мушкилҳо.
Маро аз дурдии май дарду доғи ӯ нарафт аз дил,
Ки натвон чеҳраи хуршеду маҳ андудан аз гилҳо.
Намедонам, куҷо рахти иқомат афканам, Шоҳин,
Дар ин водӣ, ки чун нақши қадам афтод манзилҳо.