Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо,

Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо, Бикун тарки кулоҳ ин ҷо, шикан тарки кулоҳ он ҷо. Адабгоҳи таҳайюр шӯхчашмӣ барнамедорад, Диҳад тарки кулоҳ ороиши тарки кулоҳ он ҷо. Дар ин маҳфил, ки ҳусн аз ҷилва таъдиби адаб дорад, Ба забти хештан ойина меболад нигоҳ он ҷо. Бисоти тирабахтӣ файзҳо дорад, машав ғофил, Ки болад субҳҳо аз пардаи шоми сиёҳ он ҷо. Бисоти даҳр аз бас вақфи нодонӣ бувад, Шоҳин, Тавон дар содалавҳӣ дод арзи дастгоҳ он ҷо.