Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Қосиде ку, ки фиристем ба ҷонон коғаз,

Қосиде ку, ки фиристем ба ҷонон коғаз, То бибӯсад кафаш аз ҷониби мо он коғаз. Ба тани хаста, ки аз кулфти ҳиҷрон фарсуд, Мерасонад зи туам роиҳаи ҷон коғаз. Пеши рухсори ту бечора фалак аз маҳу меҳр, Мебарад туҳфа чу бар соҳиби девон коғаз. Нест аз бими ту ёрои навиштан моро, В-арна бисёр бувад килку фаровон коғаз. Заҳрае ку, ки кунад қосиди мо арзи паём, Магараш худ биситонӣ зи гиребон коғаз. Баъди дидан ба хами зулф неҳ, ар бинвисам Аз ғами дил ба хати ғолияафшон коғаз. Гар нависад ба ту Шоҳин варақе, ранҷа мабош, К-аз раият набувад ор ба султон коғаз.