Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Зи бод мешунавам бӯи нофаҳои татор,

Зи бод мешунавам бӯи нофаҳои татор, Магар кулолаи мушкин зи сар кушод нигор? Агар ба фарзи масал бингарам ба наргиси боғ, Кунад ишора зи рӯи адаб ба наргиси ёр. Зи чашми масти ту, соқӣ, хумори мо бифузуд. Биёр ҷоми мураввақ, ки бишканем хумор! Ба ёди зулфи рухат рӯзи ман қарини шаб аст, Бад-он Худой, ки лайл офаридаасту наҳор. Мудом кори ту ҷавр аст, ин чӣ хӯю мизоҷ? Ҳамеша фикри ту зулм аст, ин чӣ расму шиор? Зи кофарони сияҳпӯш умеди раҳм хатост, Ту низ чашми мурувват зи чашми ёр мадор. Зи нақди меҳру вафое, ки бо ту месозам, На завқи бӯса бувад дар дилам, на шавқи канор. Куҷо равам, ки чу ҷаввола тоби фурқати ту, Зи хатти шуъла ба гирдам кашидааст ҳисор. Шаби фироқи туам мӯнисе намебошад, Ба ҷуз диле, ки ба тири ҳаводис аст фигор. Мусаввире, ки яқин сурати бадеи ту дид, Ниҳад чу сурати дидор пушт бар девор. Табиб чораи дардам қарор дода ба сабр, Чӣ сон кунам, ки маро нест бе ту сабру қарор? Латоифе, ки дар ашъори банда Шоҳин аст, Надидааст кас аз шоирони нуктагузор.