Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй акси рӯят аз маҳи тобон зиёдатар,

Эй акси рӯят аз маҳи тобон зиёдатар, Нӯши лабат зи чашмаи ҳайвон зиёдатар. Тӯбо бад-он назокату хубӣ, ки гуфтаанд, Ҳошо, бувад зи қомати ҷонон зиёдатар. Наргис, ки шӯхчашмии олам насиби ӯст, Набвад аз он ду наргиси фаттон зиёдатар. Аз ҷон зиёдатар набувад ҳеҷ чиз, лек Назди ман аст васли ту аз ҷон зиёдатар. Гашт аз баҳори муждаи васли ту синаам Дар хуррамӣ зи соҳати бӯстон зиёдатар. Дур аз ҳарими кӯи ту ушшоқро бувад, Саҳни чаман зи гӯшаи риндон зиёдатар. Заҳмат мабар табиб, ки бемори ишқро Рағбат бувад ба дард зи дармон зиёдатар. Дар водии фироқи ту бе дасту по касе, Раҳме, ки набвад аз мани ҳайрон зиёдатар. Ағёр ҳам шиканҷаи ишқи ту мекашанд, Лек ин қадар, ки банда аз эшон зиёдатар. Шоҳин, ғуломи ҳиммати он хусравам, ки ҳаст Дар салтанат зи қайсару хоқон зиёдатар.