Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Фаррух он толеъ, ки бинам дар канори ёр сар,

Фаррух он толеъ, ки бинам дар канори ёр сар, То кашам бартар аз ин нуҳ гунбази даввор сар. Мениҳад булбул барои гул ба пои хор сар, Пас чӣ сон бояд кашид аз хидмати ағёр сар? Мениҳам ҳар гаҳ ба фикри он хати рухсор сар, Мекашад аз дидаи ман ҳам гулу ҳам хор сар. Як раги гардан чу шамъ ин ҷо намоёнам ҳанӯз, Гарчи дорам дар раҳи таслим чандин бор сар. Оламеро дар муҳити зиндагонӣ чун ҳубоб Рафт бар боди фано аз даъвии изҳор сар. Баски, Шоҳин, ҳеҷ кас шоистаи таслим нест, Мениҳам дар пои худ ҳамчун хати паргор сар.