Эй ба нармӣ кафали лухти ту чун қурси панир,
Эй ба нармӣ кафали лухти ту чун қурси панир,
Даҳанат ҳуққаи лаъл аст пур аз шаккару шир.
Баданат соф чунон аст, ки шояд дидан,
Сурати ҳар чӣ туро бигзарад, эй маҳ, ба замир.
Мениҳам пеши ту аз дил сипар, аз сина ҳадаф,
З-он, ки абрӯи ту теғ асту мижгони ту тир.
Хиҷил аз қадди расои ту бувад сарви баланд,
Мунфаил аз рухи хуби ту бувад бадри мунир.
Дарди ишқи ту чунон карда диламро бемор,
Ки ба ҷуз васли ту ҳаргиз нашавад чорапазир.
Нашавад моҳ ба зебоии рӯи ту шабеҳ,
Нашавад сарв ба озодии қадди ту назир.
Муҳтасиб, ришва ҳаром аст, ту хоҳӣ хӯрдан,
Ман ҳам ар мехӯрам, инсоф куну хурда магир.
Рухи зебои ту к-аз дидаи ман хун мерехт,
Лиллаҳилҳамд, ки аз риш шуд андуда ба қир.
Гарчи аз сели ғамат кохи дилам гашт хароб,
Дорам умед, ки аз васли ту ёбад таъмир.
Он чӣ ман мекашам аз ишқи ту шабҳои фироқ,
Нест ғамхор, ки пеши ту намояд тақрир.
Дили Шоҳин, ки зи ташвиши ҷаҳон буд озод,
Оқибат дар хами гесӯи ту гардид асир.