Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Кушой пардаву бар фарқи офтоб андоз,

Кушой пардаву бар фарқи офтоб андоз, Зи мушк бофта бар рӯи маҳ ниқоб андоз. Чӣ офтоб, чи маҳ дар баробари рухи ту, Ҳар он ки чеҳра барафрӯхт, дар ҳиҷоб андоз. Гарат ба суҳбати риндони пок майле ҳаст, Биёву хирқаи олуда дар шароб андоз. Саводи маърифат аз хатти ёр ҳосил кун, Марав ба мадрасаву пушт дар китоб андоз. Бинеҳ ба панҷаи унноб шонаи шамшод, Ба рӯи лола, ба зулфи бунафша тоб андоз. Ҳамеша хуни дили худ нисори дида кунам, Ки гуфтаанд: Накӯӣ куну дар об андоз. Кабоб шуд дили Шоҳин зи тоби хашми ту, лек Биханду мушти намак дар дили кабоб андоз.