Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Рафт дил аз дасту ҳайратпарварам аммо ҳанӯз,

Рафт дил аз дасту ҳайратпарварам аммо ҳанӯз, Гашт барҳам ойина, сайқалгарам аммо ҳанӯз. Марг ҳам аз табъи ман вазъи парешонӣ набурд, Сӯхт яксар пайкарам, хокистарам аммо ҳанӯз. Сад баҳор омад ба имдоди ману чун барги гул Аз заифӣ такясози бистарам аммо ҳанӯз. Кардаам сомони сад мастӣ, май аз бебаҳрагӣ Як даҳан хамёза ҳамчун соғарам аммо ҳанӯз. Як қалам таҳрир кардан нест, Шоҳин, тоқатам, Хома дорад саъйи чандин, дафтарам аммо ҳанӯз.