Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Марост дидани рӯи ту субҳу шом ҳавас,

Марост дидани рӯи ту субҳу шом ҳавас, Хаёли ту ба дилам бигзарад нафас ба нафас. Ту хуфта ғофилу маҳмилкаши матои ғурур, Ба гӯш мерасад аз чор сӯй бонги ҷарас. Чунин ки қасд пайи қатли ошиқон дорӣ, Зи даст бурд ҷафоят, намераҳад як кас. Кунанд нағма ба боғи ҷаҳон ба тарзи наве Ба шохи гул ҳама зоғону булбулон ба қафас. Шаҳо, ба бандаи Шоҳин зи мансабу аъмол, Ба хоки даргаҳат афкандаам ҷабинам бас.