Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дили бечора, ки ҳар шаб ба фалак фарёдаш

Дили бечора, ки ҳар шаб ба фалак фарёдаш Мебарад, кист, ки аз зулф ситонад додаш. Гар ба савганд ба ман аҳди навозиш бандӣ, Чун ба худ менигарам, мекунам истибдодаш. Тифли ман ҳарфи вафо ҳеҷ назад бо ман, ҳеҷ, Ҳама таълими ҷафо кард, магар устодаш? Андар ин боғ ниҳоли тарабе сар накашид, Сарсари ҳодиса то бар наканад бунёдаш. Ҳар кӣ тавқеи муҳаббат ба сари хеш ниҳод, Шаш ҷиҳат дарду ғам ояд ба муборакбодаш. Хок гардидаму чун бод гузашт аз сари ман, Ба чӣ тақриб, Худоро, гузарам бар ёдаш? Табъи Шоҳин, ки ба алтофи сухан машҳун аст, Ҳаст вайронаву карданд ба ганҷ ободаш.