Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Урёнтане, ки сар ниҳад аз аҷз бар дараш,

Урёнтане, ки сар ниҳад аз аҷз бар дараш, Бахшад зи лутф кисвати кофур дар бараш. Берун чакад зи дидаи хаффоши моҳтоб, Гар ними шаб тулӯъ кунад меҳри ховараш. Ман бода аз суроҳии воруна мекашам, Дар гардиш оваранд ба базме, ки соғараш. Оё бувад, ки аз мадади бахти чорасоз, Дар риштаи умед кашам бори дигараш? Он гавҳари нафис, ки, Шоҳин, зи рӯи лутф, Месуфтаме ба мисқаби ёқути аҳмараш.